Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 аз ду бино иборат буд. Бар асари заминларзаи 13 апрели соли 2025 баамаломада як бинои он зарар дида, истифодаи минбаъдаи он ғайриимкон гардид. Дар муассиса 147 хонанда таҳсил намуда, 8 омӯзгор ба таълим машғул мебошанд.
Ин бинои иловагӣ бо 4 синфхона ва ҳуҷраи муаллимон барои 48 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Бинои навсохт бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардида, дар он дар соли нави таҳсил барои хонандагон ва омӯзгорон шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин дар доираи сафари кории Пешвои миллат бинои нави Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №108 дар деҳаи Қалайчаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд.
Иншооти нав аз 4 синфхона барои 48 ҷойи нишаст дар як баст ва ҳуҷраи муаллимон иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид






