Дар ноҳияи Ёвон тамоми кӯчаҳо чароғон карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.
Дар маркази ноҳия- шаҳраки Ёвон дар масофаи умумии 5,5 километр хатҳои нави чароғонкунӣ насб гардида, зиёда аз 1400 чароғи каммасрафи барқӣ, симчӯбҳои муосир ва дигар дастгоҳҳои гуногунранги равшанидиҳанда гузошта шуданд. Ҳамзамон кӯчаҳои марказӣ ва роҳҳои асосии дохилӣ шабона пурра равшан гардида, шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон фароҳам оварда шудааст.
Инчунин дар маркази ноҳия шаҳраки Ёвон симчӯбу хатҳои барқию равшаннамоӣ, ки кӯҳнаву фарсуда гардидаанд, бо истифода аз технологияи муосири равшанидиҳанда навсозӣ карда мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон нақша дорад, ки тамоми кӯчаҳо ва роҳраву пиёдагардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро пурра чароғон намояд. Ин ба фароҳам овардани муҳити бехатар ва сайру тамошои сокинон мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






