Дар осоишгоҳи «Бунёд»-и ноҳияи Ашт шароити хуби ташхису табобати беморон фароҳам оварда мешавад

Август 11, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои асосии осоишгоҳи «Бунёд»-и ноҳияи Ашт ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус Сартабиби осоишгоҳи «Бунёд»-и ноҳияи Ашт Шуҳрат Маҳмадалӣ иттилоъ дод.

Тавре сартабиб иброз дошт, дар осоишгоҳи «Бунёд» табобат асосан бо лойқаи табии кӯли Аксикони ноҳияи Ашт анҷом дода мешавад. Табобатгирандагон дар моҳҳои июн, июл, август ва сентябр ба осоишгоҳ омада, бемориҳои худро муолиҷа мекунанд. Дар айни замон дар осоишгоҳ нафарони зиёд ба табобат фаро гирифта шудаанд, ки аксаран аз кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Пас аз пурра ба истифода додани биноҳои асосӣ дар осоишгоҳ имкони қабули шаҳрвандон дар тамоми фаслҳои сол фароҳам оварда мешавад.

Дар табобатгоҳ асосан бемориҳои тарбод, системаи асаб, остреохондрози сутунмуҳра, буғумҳо ва якчанд намуди невриту невралгия табобат карда мешавад.

«Оби шуркули Аксикон давобахши бемориҳои пӯст, аз ҷумла псориаз, экзема ва бемориҳои замбуруғӣ ба ҳисоб меравад. Обу ҳавои Аксикон барои бемориҳои роҳи нафас ва бронхити аллергӣ низ манфиати зиёд дорад. Табобат дар асоси лойқаи табиӣ анҷом дода мешавад. Ҳамзамон дар табобатгоҳ ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ бо таҷҳизоти муосир фаъолият доранд», — изҳор намуд Шуҳрат Маҳмадалӣ.

Лойқаи табиии Аксикон бо микроэлементҳои гуногун бой буда, дар таркиби он фосфор, флор, магний, калий, натрий ва сулфур мавҷуд мебошад.

«Дар осоишгоҳ қариб 3 ҳазор дарахти ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст. Роҳбарияти осоишгоҳ минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки барои табобатгирандагон тамоми шароитро фароҳам орад», — гуфт сартабиб Шуҳрат Маҳмадалӣ.

Август 11, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд