Дар Остона ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

Август 8, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини якуми  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои боз ҳам густариш додани равобити мустақими тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни субъектҳои соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ, дастгирии фаъолонаи иқдом ва ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди ҳарду давлат баён намуда, ба рушди ҳамкории минтақавӣ, таъсиси сохторҳои устувор ва дарозмуддати ҳамкорӣ ва шарикии иқтисодӣ, ташкили платформаҳои муосири сармоягузорӣ, рақамисозии равобит, инчунин густариши имконоти логистикӣ ва инфрасохтор таваҷҷуҳи махсус равона карданд.

Зимни ҷаласа барои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби ҳамраисони Комиссияи мазкур ба роҳбарону намояндагони мақомоти давлатии ҳарду ҷониб дастуру супоришҳо дода шуданд.

Бояд гуфт, ки соли 2024 ҳаҷми савдои мутақобил байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1,3 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023  144,5 миллион доллар ё 12,6 фоиз зиёд мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.

Соли 2024 ҳаҷми умумии воридоти сармоягузорӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 217,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023  5,5 миллион доллар ё 2,5 фоиз бештар мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми сармоягузории мустақим 15,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023   3,5 миллион доллар ё тақрибан 30 фоиз зиёд аст.

Ин тамоюлҳои мусбат натиҷаи маҷмуи саъйҳои муштарак, аз ҷумла дар доираи татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории фаъоли доираҳои тиҷоратии ду давлат мебошанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа ҷонибҳо протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд