Дар шаҳри Гулистон вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Узбекистон таҳкими ҳамкории энергетикиро баррасӣ намуданд

Август 15, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории энергетикӣ  байни Тоҷикистон ва Узбекистон зимни вохӯрии кории Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Узбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи давлатӣ, ки бо ташаббус ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба роҳ монда шудааст, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла энергетика бо суръати баланд рушд карда, ба таври устувор ва пурсамар вусъат меёбад.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ барои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, баррасии масъалаи техникии ҷойдошта дар доираи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ», инчунин имконияти таҳвили гази табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуд.

Дар анҷом ҷонибҳо аз сатҳи феълии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бародарона ва стратегӣ ба нафъи мардумони ҳарду давлат изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад