Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд

Август 15, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Хушдомани беҳтарин» дар маркази маъмурии  вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ду нафар занони шаҳри Панҷакент ғолиб дониста шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Зани  ҳунарманд, иштирокчӣ ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи гуногун Мавлуда Абдураҳмонова  аз шаҳри Панҷакент  дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» дар вилояти Суғд  беҳтарин дониста шуд.

Инчунин ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» Лӯъбат  Шодиеваро  дар радифи беҳтарин хушдоманҳои вилояти Суғд  ҷой доданд ва ӯ соҳиби мақоми дуюм гардид.

Ғолибон ба даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо роҳхат гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Август 15, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд