Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд соли нави таҳсил бо тамошои суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд тавассути телевизион суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дастҷаъмона тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Баъди тамошои суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, масъулини соҳаи маорифи вилоят машварат ороста, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат андешидани тадбирҳои муҳимро таъкид намуданд.
Бояд гуфт, ки омодагӣ ба соли нави таҳсил дар вилояти Суғд нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар ба назар мерасад: шумораи муассисаҳои нав, синфхонаҳо ва толорҳои варзишӣ меафзояд, имкониятҳои таълимӣ барои кӯдакон ва наврасон бештар мешавад. Ин нишонаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорон ба соҳаи маориф мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то имрӯз 34 иншоот бо 3370 ҷойи нишаст дар як баст, аз ҷумла дар 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 57 синфхона бо 1720 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин 3 толори варзишӣ 4 майдончаи варзишӣ ва 19 бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2025 чопи китобҳои дарсӣ беш аз 8 миллион нусхаро ташкил дода, ба муассисаҳои таълимӣ ворид гардидааст. Инчунин дар доираи «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028», ба 80 муассисаи таълимии вилояти Суғд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 264 компютер, 32 принтер, 31 тахтаи электронӣ ва 31 проектори мултимедиавӣ тақдим гардид. Муассисаҳои таълимӣ низ 604 компютер, 110 тахтаи электронӣ, 114 проектори мултимедиавӣ ва 55 принтер харидорӣ карданд.
АКС: Раёсати маорифии вилояти Суғд








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






