Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалиро дар Индонезия бо мусовӣ оғоз кард

Август 13, 2025 09:12

ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини нахустин бозиро дар мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми Истиқлолияти Индонезия-2025» анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, рақиби якуми дастаи мо дастаи мунтахаби Индонезия буд. Вохӯрӣ  мусовӣ — 2:2 анҷом ёфт. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашурализода заданд.

Бозии навбатии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 15 август ба муқобили тими наврасони Мали, ки дар даври аввал бар дастаи Узбекистон (5:1) пирӯз шуд, баргузор мегардад. 

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 13, 2025 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад