Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни шиносоӣ бо раванди озмун иброз дошт, ки «баргузории озмун давоми 7 сол тавонист фазои солими рақобат, эҷодкорӣ ва донишандӯзиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа фароҳам оварда, симои маънавии хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва пиру барнои тоҷикро дар руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва дӯст доштани китобу маърифат ташаккул бахшад».
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад, ба яке аз маъракаҳои муҳимми маърифатию фарҳангӣ табдил ёфтааст. Он дар боло бурдани завқи китобхонӣ, тақвияти маънавиёти ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дорад.
Муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон баргузории озмунро иқдоми муассир арзёбӣ намуда, афзуд, ки озмун на танҳо воситаи таблиғи китоб ва китобдорӣ аст, балки таконбахши рушди фикрии насли наврасу ҷавон, эҳёи анъанаҳои хониши китоб ва бедории зеҳнии ҷомеа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли равон низ бо фарогирии васеи аҳолӣ идома дорад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






