Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид

Август 21, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат — чароғи роҳи рушду тараққӣ» — таҳти ин унвон 18 август китоби таҳлилии Зафар Сайидзода ва Акрам Воҳидов  ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар пешгуфтори ин китоб, аз ҷумла омадааст: «Инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар ҷумҳурии мо шахсият ва корномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқ барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошад.

Ахлоқи наку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд нақши бузург ифо намоянд».

Фаъолияти пурбаракати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмору бунёдкори бузурги Тоҷикистони навин дархӯри омӯзишу таҳқиқи амиқтару бунёдитар мебошад. Амиқтару бунёдитар аз баррасиҳое, ки муҳаққиқону пажӯҳишгарон то имрӯз анҷом додаанд. Чунин таҳлилу омӯзиши комилу ҳамаҷонибаро мактаби сиёсию давлатдории Эмомалӣ Раҳмон низ тақозо менамояд. Зеро мактаби сиёсии Пешвои миллат омили муҳимтарин ва асоситарини пешрафтҳои мамлакат ва мардуми мо дар роҳи пурифтихори истиқлол аст. Маҳз аз файзи ин мактаб имрӯз дар мамлакати мо сулҳу оромӣ, ваҳдату самимият ва сафою садоқати ҳамагонӣ ҳукмфармо ва заминаҳои мусоид барои ҳама гуна кору кӯшиши созанда фароҳам мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 21, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд