Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ тақвият мебахшад

Август 22, 2025 09:58

ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ дар самти таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштарак (бо забонҳои русӣ, чинӣ ва англисӣ), истеҳсоли маводи аз лиҳози экологӣ тоза дар доираи Парки инноватсионию технологии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва рушди сайёҳии тиббӣ дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарияти ширкати чинӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо барои ба роҳ мондани шарикии стратегӣ бобати рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳкими робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Муассиси ширкати «Jindaanbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd.)» Кумитаи давлатии назорат ва идоракунии дороии давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин (SASAC) буда, фаъолияти он соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз қабили таҳсилот, молия, илм, технология, захираҳои маъданӣ ва тиҷорати байналмилалиро фаро мегирад.

Ширкати «Jindaanbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd.)» дар 30 кишвари ҷаҳон лоиҳаҳои бузурги байналмилалиро муваффақона амалӣ менамояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Август 22, 2025 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид