Дороиҳои «Саноатсодиротбонк» дар нимсолаи якуми соли 2025 афзоиш ёфтааст

Август 5, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дороиҳои Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар нимсолаи якуми соли 2025 ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ баробар гардиданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 425,8 миллион сомонӣ, ё худ 45,9 фоиз бештар мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Ҳамзамон уҳдадориҳои бонк дар охири нимсолаи якум ба 689,5 миллион сомонӣ расида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 бо 351,2 миллион сомонӣ ва ё 103,9 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Гузашта аз ин, сармояи Саноатсодиротбонк ба ҳолати 30 июни соли 2025 663,6 миллион сомонӣ-ро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 74,5 миллион сомонӣ ё 12,7 фоиз бештар аст.

АКС: Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Август 5, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд