Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
ДУШАНБЕ, 23.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Мулоқоти имрӯза бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии мо заминаи муҳим фароҳам меорад. Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ карда шуданд», — иброз дошт имрӯз Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, тандурустӣ ва маориф равона гардид.
«Кишвари мо ният дорад, ки ҳамкориро дар Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон вусъат диҳад», — афзуд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ.
Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд таъкид намуд, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имконияти бузург мавҷуд аст.
«Ҳамин аст, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 миллион доллар созишнома имзо менамоем, ки ин маблағҳо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона хоҳанд шуд», — гуфт Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ.
АКС: АМИТ «Ховар»








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






