ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шуд

Август 9, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 09.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути POS – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилоти қарзии молиявӣ 3,5 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард сомонӣ гузаронида шудааст. Дар ин хусус 8 август Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки дар айни замон дар фаъолияти 37 ҳазору 100 субъекти соҳибкорӣ дастгоҳҳои назоратӣ- хазинавии насли нав ба таври ройгон насб гардидаанд. 33 ҳазору 700 дастгоҳ дар як вақт вазифаи POS-терминалро низ иҷро мекунанд. Ва онҳо имкон доранд ҳисоббаробаркуниҳоро бо шаҳрвандону соҳибкорон оид ба хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба таври ғайринақдӣ  анҷом диҳанд.

Мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии насли нав ва воситаҳои электронии пардохтӣ, пеш аз ҳама, ба афзоиши гардиши пулӣ тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ, зиёд намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ, коҳишёбии сатҳи иқтисодиёти пинҳонӣ, таъмини самаранокии рушди маъмурикунонии андоз, дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва баланд бардоштани маданияти андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон мусоидат менамояд.

«Мақомоти андоз бо мақсади таъмини рақамикунонии соҳа ва дар ин замина содаю шаффоф гардонидани низоми андозбандӣ ва ҷараёни андозсупорӣ аз имконияти техникии дохилиидоравӣ бештар истифода мебарад.

Дар маҷмуъ, номгӯйи модулҳои барномаи компютерӣ ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз давра ба давра васеъ карда шуда, тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон то инҷониб 45 хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки ташкили чунин хизматрасонӣ ба содаю мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии онҳо мусоидат менамояд»,-гуфт раиси кумита.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 9, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид