Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 04.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 шумораи умумии ғарқшудагон дар ҷумҳурӣ 91 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 5 нафар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иттилоъ дод.
«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандон беэҳтиётӣ, риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, беназоратии волидайн, омилҳои номаълум, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ ва ҳолатҳои мастӣ мебошанд»,-иброз дошт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими имсолаи оббозӣ наҷотдиҳандагони кумита 20 нафарро аз ғарқшавӣ ва марг наҷот доданд.
«Ҳарчанд дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавзеъҳои оббозӣ муайян гардидаанд, аммо, мутаассифона, аксари кӯдакону наврасон ва калонсолон дар ҷойҳои манъшуда ба оббозӣ машғул мешаванд, ки дар натиҷа ҳодисаҳои нохуш ба вуқуъ меоянд. Дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ тавсия дода шудаанд, ягон ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта нашудааст»,-баён дошт Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои коҳиши ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва ҳолатҳои фавт бар асари ғарқшавӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории кумита пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд. Новобаста аз ин, мутаассифона, ҳоло ҳам ҳолатҳои зиёди ғарқшавӣ ба назар мерасанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






