Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд

Август 13, 2025 10:47

ДУШАНБЕ, 13.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳое, ки дар  самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ–  2050» амалӣ карда мешаванд, зимни ҳамоише, ки дар Агентии ислоҳоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон доир  гардид,  баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Санади мазкур аз 18 банд иборат буда, дурнамои рушди минтақавии соҳҳои калидӣ, аз ҷумла ҳампайвандии нақлиёт, энергетика, захираҳои обу иқлим ва рушди иҷтимоиро дар бар мегирад.

Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан намуда,  мавқеи Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои глобалие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён мегузоранд, баён намуд.

Ҳамзамон пешниҳод кард, ки лоиҳаи мазкур тавассути роҳҳои дипломатӣ ба баррасии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шавад.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Август 13, 2025 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд