Масоили марбут ба ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Воридоту содироти маҳсулоти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва такмили реестрҳои оморӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи чоруми гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди содироти маҳсулоти рақамӣ дар Душанбе баррасӣ карда шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон бозбинӣ намудани рамзҳои омории соҳа, муайян намудани муҳлати ҷамъоварии ҳисобот ва пешгирии ҷиноятҳои эҳтимолӣ дар бахши технологияҳои иттилоотиро муҳокима намуданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода изҳор дошт, ки «масъалаи рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди содироти маҳсулоти рақамӣ барои иқтисодиёти мамлакат ва низоми молиявӣ аҳаммияти бузург дорад. Рушди иқтисоди рақамӣ метавонад имконияти навро барои таҳкими бахшҳои молиявӣ, содироти маҳсулоти рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ фароҳам оварад. Бонки миллии Тоҷикистон ташаббусҳои мазкурро дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва содироти маҳсулоти рақамӣ пурра дастгирӣ намуда, омода аст бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ дар ҳамоҳангсозии низоми иттилоотӣ, такмили баҳисобгирии оморӣ ва таҳияи стандартҳои ягонаи ҳисоботдиҳӣ ҳамкорӣ намояд. Фарогирии пурраи ҳамаи ширкатҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба низоми расмии бақайдгирӣ имкон медиҳад, ки барои қабули қарорҳои дуруст маълумоти боэътимод ва шаффоф дастрас бошад»
Дар ҷаласа роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомдода дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ сухан гуфтанд. Гуфта шуд, ки идомаи кори муштараки гурӯҳи корӣ бо иштироки сохторҳои давлатӣ имкон медиҳад механизми боэътимоди баҳисобгирии омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ташаккул ёбад. Ин ба қабули қарорҳои дуруст, нақшабандии рушди минбаъда ва таҳкими иқтисодиёти рақамии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Натиҷаҳои кори муштарак барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба зинаҳои нави рақамикунонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва ташаккул додани омори соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин баланд бардоштани шаффофият, таҳлили вазъи воқеии бозори рақамӣ, рушди содироти маҳсулоти рақамӣ, таҳкими асосҳои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ташкил гардидааст. Гурӯҳ то имрӯз доир ба масъалаҳои такмили тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тибқи принсипи «Равзанаи ягона», пешниҳоди рӯйхати корхонаҳои фаъоли соҳа ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ, муаррифии шакли нави ҳисоботи оморӣ ва барномаи автоматикунонидаи пешбурди он, зарурати татбиқи пилотии ҳисобот дар низоми онлайн бо ворид намудани санҷишҳои мантиқӣ ва арифметикӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла таҷрибаи Қазоқистон ва Белорус барои ҳисоботи оморӣ се ҷаласа гузаронидааст.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






