Моҳи сентябр таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» пурра ба итмом мерасад
ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар Неругоҳи барқи обии «Қайроқум» пурра ба итмом расад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1 август Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар вилояти Суғд бо корҳои таҷдид дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» шинос шуд.
Масъулини соҳа ба Вазири энергетика ва захираҳои об иттилоъ доданд, ки то имрӯз 5 агрегати неругоҳ таҷдид гардида, корҳои навсозӣ тибқи нақша дар агрегати охирин идома доранд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда, интизор меравад, ки моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар неругоҳ пурра ба итмом расад.
Бо татбиқи пурраи лоиҳаи таҷдид иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» аз 126 МВт ба 174 МВт расонида мешавад. Ин ба 48 МВт афзоиш ёфтани иқтидор нисбат ба нишондиҳандаҳои қаблӣ баробар аст.
Татбиқи ин лоиҳа имконият медиҳад, ки самаранокии кори неругоҳ зиёд шуда, таъминоти барқи боэътимод ба минтақаҳои шимолии мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






