НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 111,5 фоиз иҷро гардид

Август 8, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 111,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 27,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Дар ин хусус имрӯз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз 113,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 12,7 миллиард сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

«Инчунин дар ин давра аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук воридоти маблағҳо дар сатҳи 112,2 фоизи нақша таъмин гардида, ба буҷет 5,7 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид»,-гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Дар нишаст иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 9 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 153,7 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқ гардидани 7 лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд. Аз ин маблағ  97,9 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ, 54,3 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ ва 1,5 миллион  доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад