НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид

Август 6, 2025 16:40

ЁВОН, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз корхонаҳои истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр семент»  48 ҳазору 214 тонна ва аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чжунгтсай моҳир семент»  86 ҳазору 440 тонна семент,  дар маҷмуъ 134 ҳазору 654 тонна семент, ки 71 миллиону  659,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,  ба хориҷи мамлакат содирот гардид.  Дар ин хусус Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода 5 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Икромиддин Вализода баён дошт, ки дар ин давра ҳамчунин 6 коргоҳи нави истеҳсолию саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзалӣ пласт»,  коргоҳи истеҳсоли хишти сементию газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Девори Ёвон» ва  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаррух ва компания»,  коргоҳи истеҳсоли  бетони сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дастгирии Ёвон», коргоҳи  истеҳсоли мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Диловар мебел» ва коргоҳи истеҳсоли газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пойдор саноат»  бо зиёда аз 25  ҷойи кори доимӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон  бунёди 561 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз ин шумора 428 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 32 километр роҳҳо  мумфарш, 60 километр бетонпӯш ва 177 километр роҳҳои ноҳия сангфарш  карда шуданд. Мувофиқи нақша, имсол бояд 70 километр роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон мумфарш карда шаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд