НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 96 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад

Август 4, 2025 16:20

ТУРСУНЗОДА, 04.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода ба як миллиарду 11,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 181,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 96 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Давоми шаш моҳи соли равон корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода ба маблағи умумии як миллиарду 331,6 миллион сомонӣ маҳсулот содирот намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 332,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин матлабро Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Соли равон кишоварзони шаҳри Турсунзода 26 ҳазору 961 тонна маҳсулоти ғаладонагӣ, 4706 тонна картошка, 67 ҳазору 783 тонна сабзавот, 516 тонна зағер, 2029 тонна маҳсулоти полезӣ, 2174 тонна меваҷот, 461 тонна ангур, 11 тонна асал, 3,6 тонна пилла, 9138 тонна шир, 1445 тонна гӯшт, 2,7 тонна моҳӣ, 1 миллиону 335 ҳазор дона тухм ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуда, ба бозорҳои мамлакат содирот намуданд. Дар натиҷаи самаранок истифода бурдани заминҳо кишоварзони шаҳри Турсунзода дар нимсолаи аввали соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи умумии 687 миллиону 319 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 56 миллиону 409 ҳазор сомонӣ сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии 459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 323 иншоот бо маблағи 357,7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар 136 иншооти ҷашнии боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Барои бартараф кардани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди 28 муассисаи таълимӣ бо теъдоди 9360 ҷойи нишаст дар як баст ва 7 муассисаи томактабӣ бо теъдоди 1012 ҷой идома дорад. То охири соли 2025 зиёда аз 7 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ ба истифода дода мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид