Дар вилояти Суғд ба маблағи 6,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Август 1, 2025 10:34

ДУШАНБЕ, 01.08.2025 / АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 6,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 110,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус 30 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли сабзавот 101,0 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 37,0 ҳазор тонна, картошка 58,5 ҳазор тонна, полезӣ 10,2 ҳазор тонна, мевагиҳо 121 ҳазор тонна, аз ҷумла зардолу 110 ҳазор тонна ва зироати хӯроки чорво 86,9 ҳазор тонна таъмин шуд.

Инчунин гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 36,7 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 9,8 ҳазор тонна, моҳӣ 447,7 тонна, шир 169,5 ҳазор тонна, тухм 459,9 млн. дона, асал 204,2 тонна ва пашм 1,4 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 106,2 фоиз, картошка 105,3 фоиз, мевагиҳо 109,4 фоиз, аз ҷумла зардолу 106,1 фоиз, хӯроки чорво 106,3 фоиз, гӯшти чорвою паранда 113,5 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 116,2 фоиз, моҳӣ 101,3 фоиз, шир 113,2 фоиз, асал 101,1 фоиз ва пашм 102,0 фоиз таъмин шудааст.

Хамзамон гуфта шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 108,4 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 90,6 гектар боғ ва 17,8 гектар токзори нав бунёд карда шудааст. Корҳои барқароркунии боғу токзор дар 417,8 гектар, аз ҷумла дар 403,1 гектар боғ ва дар 14,7 гектар токзори кӯҳна гузаронида шудаанд.

«Соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар 262,8 ҳазор гектар зироат кишт карда шуд»,- иброз гардид дар нишасти матбуотӣ.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 1, 2025 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд