НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сатҳи таваррум дар шашмоҳаи якуми соли 2025 1,8 фоизро ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи таваррум дар шашмоҳаи якуми соли 2025 1,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Чунин иброз намуд имрӯз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,9 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,4 фоиз ба амал омад.
Таварруми солона моҳи июни соли равон дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок -5 фоиз ±2 банди фоизӣ қарор дошта, 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, инчунин дар асоси «Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат» амалӣ намуд, ки зимни он рушди босуботи молиявию иқтисодӣ таъмин карда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






