Ғолиби «Ҷоми Раиси ВМКБ» аз намуди волейбол муайян карда шуд

Август 25, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси ВМКБ» ҷамъбаст шуд, ки дар он дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷои аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар мусобиқа 6 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок дошта, бозингарон маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.

Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дастгирии Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 20 август оғоз шуда, 25 август ҷамъбаст гардид.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки сол то сол дар вилоят мусобиқаҳои варзишӣ зиёд шуда, раванди баргузории онҳо на танҳо дар миқёси вилоят, балки берун аз он низ сазовори баҳои баланд гардид.

Чунин мусобиқаҳои муҳими варзишӣ барои ба майдон овардани истеъдодҳои нави соҳаи варзиш мусоидат намуда, дар тарбияи худшиносию худогоҳии насли наврас таъсири амиқ мегузоранд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи Душанбе-1 ва дастаи ВМКБ-1 сабқат намуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ғолибият насиби дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид.

Ғолибон бо Ифтихорнома, медал, Ҷоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мукофоти пулӣ барои ҷойи якум — 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм — 10 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм — 5 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 25, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд