ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 бинои асосию иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешавад

Август 18, 2025 15:00

РӮДАКӢ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ  имсол зиёда аз 6000 нафар хонандагони синфи якумро қабул менамоянд, ки қариб 3000 нафари онҳо духтарон  мебошанд. Ҳоло дар ноҳия қабули хонандагон ба синфи якум идома дорад. Ҳамчунин соли равон муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакиро 9588 нафар хонандагони синфи 11 хатм намуданд, ки ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, қисми зиёдашон ба муассисаҳои олии касбӣ дохил шуданд. Дар ин  хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  масъулини идораи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ  иттилоъ доданд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва талошу заҳмати сокинони ноҳия, соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бунёдкорӣ барои бартараф намудани мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо идома дорад.

Тибқи иттилои масъулин, то оғози соли нави хониш дар ноҳияи Рӯдакӣ  4 бинои асосию иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин кӯдакистони №9 дар маркази шаҳраки Сомониён барои 250 нафар  ва ду кӯдакистони дигар барои 150- нафарӣ  дар ҷамоатҳои деҳоти Қиблаӣ ва Роҳатӣ мавриди истифода  қарор мегиранд. Дар баробари бунёди кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар назди 14 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 14 маркази инкишофи кӯдак аз ҳисоби шарикони рушд бо фарогирии 560 кӯдак  ва нуҳ хонаи бозӣ дар 9 мактаб сохта шудаанд. Ин марказҳо дар оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шуруъ менамоянд.

Дар айни замон дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони 10 кӯдакистон идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар  минтақаҳои дурдасти ноҳия барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон сохтмони хонаҳои хизматӣ барои омӯзгорон идома дорад. Дар соли нави таҳсил дар Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 барои 4 оилаи омӯзгорон, дар деҳаи Мадади Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 4 оилаи омӯзгорон ва дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 барои 8 оилаи омӯзгорон хонаҳои хизматӣ ба истифода дода мешаванд. Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой низ бунёди хонаҳои хизматӣ барои омӯзгорон идома дорад.

Дар оғози соли нави таҳсили 2025-2026 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба 65 хонандаи ятими кулл либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Август 18, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?