Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд

Август 5, 2025 21:52

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /НИАТ «Ховар»/. 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ гӯшаҳои намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он номгӯи зиёди молҳои корхонаҳои саноатии кишвар, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.

Павилиони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.

Аснои шиносоӣ бо гушаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.

Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар гушаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнашикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд карда шуд.

Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд. Дар намоишгоҳ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд.

Зимни муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Баъди боздид аз намоишгоҳ Сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд.

Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон 05.08.2025

Август 5, 2025 21:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон