Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок намуданд

Август 5, 2025 13:28

ДУШАНБЕ, 05.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хосса дорад.

Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст.

Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад.

Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.

Ба масъалаҳои таъсири манфии иқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Роҳбари давлати мо таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

Иштирок дар кори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ 05.08.2025

Август 5, 2025 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд