Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 26.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Иншоот дар соҳили рост воқеъ буда, ҳамчун нақби обпарто вазифаи партофтани обҳои зиёдатии обанборро дар мавсими серобӣ аз сатҳи 1090 метр боло иҷро мекунад.
Нақби сохтмонии қабати чорум аз даромадгоҳ то қисмати мобайнӣ якшоха буда, то баромадгоҳ ба ду шоха тақсим мешавад ва 1700 метр дороӣ дорад. Дар мавзеи даромади нақб камераи дарвозаҳои шакли ҳамвор, ки иборат аз ду дарвоза аст, васл гардида, дар мавзеи душоха бошад, дар ҳар як шоха камераи дарвозаҳои шакли ҳамвор ду адад ва нимдоира ду адад васл карда мешаванд.
Дар нақби мазкур корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамнамоӣ пурра иҷро шуда, тадбирҳои бетонхобонӣ идома доранд.
Корҳои бетонхобонӣ аз ҳаҷми умумии 99 ҳазору 306 метри мукааб, дар ҳаҷми 81 ҳазору 480 метри мукааб иҷро гардидааст, ки 82 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди корҳои сохтмонӣ дар шохаи А-и нақби сохтмонии қабати чорум ва бинои идоракунии дарвозаҳои таъмирии ин иншоот дидан карданд.
Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои А ва Б иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад.
Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.
Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи А кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамнамоии муваққатӣ дар ҳаҷми умумии 69 ҳазору 572 метри мукааб иҷро шуда, корҳои бетонхобонӣ ва сементатсионӣ бошад, аз ҳаҷми умумии 39 ҳазору 984 метри мукааб, 25 ҳазору 859 метри мукааб иҷро шудааст.
Иншооти мазкур барои васл ва идора намудани дарвозаҳои нақб хизмат мекунад. Дар асоси лоиҳа дар ҳар як шохаи нақб камераи дарвозаҳои шакли ҳамвору нимдоира васл карда мешаванд.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда истодааст ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад.
Неругоҳ барои таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди истеҳсоли неруи барқи «сабз» аҳаммияти бузурги стратегӣ дорад.
Инчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо раванди корҳои то имрӯз анҷомёфта ва идомаи васли таҷҳизоти механикию арматурбандӣ дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Дар ин қисмати сохтмон, корҳои заминӣ бо ҳаҷми 569 ҳазору 400 метри мукааб иҷро шудааст. Корҳои бетонпошӣ, васли анкерҳо ва заҳкашӣ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.
Тибқи лоиҳа корҳои мустаҳкамнамоии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати чорум бо дар назар доштани баромадгоҳҳои се нақби обпартои дар оянда бунёдшаванда сохта шуда, дар он корҳои заминӣ, анкергузорӣ, симтурбандӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ идома дорад.
Дар ҳудуди баромадгоҳи нақбҳои обпарто дар маҷрои дарё тибқи лоиҳа ҳавзи мавҷшикан сохта шуда истодааст, ки барои паст намудани фишори оби аз нақб бароянда хизмат мекунад. Оби партофташуда баъди паст шудани фишораш боз ба маҷрои дарё равона мегардад.
Дар ин мавзеъ корҳои заминӣ идома дошта, бо ҳаҷми 997 ҳазор метри мукааб иҷро шудааст. Корҳои бетонпошӣ бошад, аз масоҳати умумии 36 ҳазору 555 метри муррабаъ, 24 ҳазору 944 метри муррабаъ иҷро гардидааст, ки 68, 3 фоизро ташкил медиҳад.
Васли анкерҳои оҳанубетонӣ аз дарозии 296 ҳазору 887 метр, 61 ҳазору 565 метраш иҷро шудааст.
Сифати корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза назорат шуда, мутобиқ ба талабот анҷом дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум аз тарафи паймонкор ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж иҷро шуда истодаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва суҳбат бо бинокорон, аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, барои саривақт ва мувофиқ ба талабот иҷро намудани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд.
Зимни боздид аз Неругоҳи барқии обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.