Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 19.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёд дорои инфрасохтори мукаммал ва имкониятҳои фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад.
Дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст.
Таъкид гардид, ки бо ба истифода додани бинои нав, кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.
Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қомат афрохта, на танҳо шароити муосири фаъолиятро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фароҳам овардааст, балки бо намои хуштарҳу зебои худ ба симои шаҳр низ зебоӣ зам кардааст.
Ҳангоми шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид.
Ин иқдом ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди илму маърифат, тарбияи насли соҳибилм ва таҳкими пояҳои сохтории мақомоти қудратӣ маҳсуб меёбад.
Саҳну атрофи бино комилан мумфарш гардида, дар масоҳати беш аз 3200 метри мураббаъ дарахтони гуногуни нодири ороишӣ шинонида шудаанд, ки ба муҳити атроф зебоию таровати бештар мебахшанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонию муҷаҳҳазсозӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва кормандони мақомоти милитсияи пойтахт талаб намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту субот намунаи ибрат бошанд.









Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






