Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт шинос гардид

Август 8, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ-заминларза ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт шинос гардид.

Нахуст Сарвазири мамлакат бо сохтмони хонаҳо барои оилаҳои аз офати табиӣ – заминларза зарардида дар маҳаллаи навбунёд дар наздикии деҳаи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ шинос шуд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттиллоъ дода шуд, ки дар деҳаи навбунёд сохтмони 36 хонаи истиқоматӣ идома дошта, сохтмон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Зимни вохӯрӣ бо мардуми зарардида таъкид карда шуд, ки бо дастури Сарвари давлат ҳамаи хонаҳои вайроншуда бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст сохта шуда, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар идома Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар деҳаи Бӯстон 6 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои пурра зарардида ва 3 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои қисман аз офати табиӣ зарардидаро ба истифода дод. Дар 26 хонаи истиқоматӣ сохтмон идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Сарвазири мамлакат ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки ҳангоми бунёди хонаҳои нав ба истифодаи дурусти масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини устувории биноҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то хонаҳо солиёни дароз ба мардум хизмат кунанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар деҳаи Саричашма сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ идома дорад.

Дар деҳаи Кӯли Калони ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин хонаҳои истиқоматӣ ба 9 оилаи пурра зарардида ва 2 оилаи қисман аз офати табиӣ зарардида ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар 32 хонаи дигар идома доранд.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва тақдими хонаҳои истиқоматӣ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод вохӯрда, таъкид намуд, ки сиёсати созанда ва инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки аҳолии аз офати табиӣ зарардида пурра бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардад.

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод, ки соҳиби хонаҳои наву замонавӣ гардидаанд, миннатдории гарму самимии худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Нимаи дуюми рӯзи 7 август Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо корҳои сохтмонӣ, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ- бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Аскалон ва Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Зарангак 3,5 гектар замин ҷудо гардидааст, то барои зарардидагони ин офати табиӣ 35 хонаи истиқоматӣ сохта шавад. Бунёди хонаҳо идома дошта, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳамчунин дар ин маҳалла биноҳои боғчаи бачагона ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешаванд.

Зимни вохӯрӣ бо мардуми зарардида таъкид карда шуд, ки бо дастури Сарвари давлат ҳамаи хонаҳои вайроншуда бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст сохта шуда, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд ба истифода дода мешаванд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар деҳаҳои Гулханӣ, Сафедтундак ва Аскалон 3 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои пурра зарардида ва 13 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои қисман аз офати табиӣ зарардидаро ба истифода дод. Дар ҷамоатҳои Ҳиҷборак ва Аскалон дар 103 хонаи истиқоматӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Сарвазири мамлакат ба масъулин ва сохтмончиён дастур дод, ки ҳангоми бунёди хонаҳои нав ба истифодаи дурусти масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини устувории биноҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Сипас, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалон бо зарардидагони офати табиӣ ва фаъолони деҳот вохӯрӣ намуда, ба 13 нафар калидҳои хонаҳои сохташударо тақдим намуд. Таъкид гардид, ки маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки сокинони зарардида дар муддати кӯтоҳ соҳиби хонаҳои наву замонавӣ гардиданд. Сиёсати созанда ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт пурра бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд.

Сокинони ноҳияи Рашт, ки соҳиби хонаҳои наву замонавӣ гардидаанд, миннатдории гарму самимии хешро ба Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Бояд таъкид намуд, ки бар асари заминларзаи рухдода дар 11 деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Аскалон ва Ҳиҷборак 150 хонаи истиқоматӣ осеб дида буд. Аз ҷумла, 34 хона пурра ва 116 хона қисман вайрон шуда, ба 134 хонаи истиқоматию 59 бинои ёрирасон зарари сабук расид.

Аз лаҳзаҳои аввалин баъди рух додани заминларза бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз оқибатҳои заминларза ва ташкили корҳои бартарафкунӣ Комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор таъсис ёфта, ба ноҳияи Рашт сафарбар гардид ва паҳлу ба паҳлу бо сокинони маҳал оқибатҳои заминларзаи рухдодаро бартараф намуд.

Август 8, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба истифода дода шуд
Роҳи Ҳисор-шаҳраки Айнӣ пурра мумфарш гардида, мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди силро ба истифода доданд
Дар Амстердам 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд
Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва миллат аз рушди илму маориф вобастагӣ дорад