Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон бо корҳои ободонию созандагӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 29.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазъи сохтмони иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сардхонаҳо барои 2000 тонна маҳсулот шинос шуд.
Сардхона дар заминҳои хоҷагии ба номи «Асадулло» бо ғунҷоиши 2000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сохта мешавад. Масоҳати умумии хоҷагӣ 16 ҳазор гектарро ташкил дода, дар зиёда аз 1027 гектар дарахтони меваҳои хушсифат ва боғҳои ангур ташкил гардидаанд. Сардхона бо маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ду қисмат ва 10 утоқ бо ғунҷоиши ҳар кадом бо иқтидори 200 тонна маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Баъди ба истифода додани сардхона 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар деҳаи ба номи Асадулло Неъмати Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон корхонаи хиштбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самараи Хуросон»-ро ифтитоҳ намуданд.
Масоҳати умумии ҷамъият 5 гектару 60 садякро дар бар гирифта, дар 3 гектари он корхона ва ҷойи хушк кардани хишт ба роҳ монда шудааст. Иқтидори корхона ҳамарӯза то 15 ҳазор хишти хомро дар бар мегирад. Дар сохтмони корхонаи хишт ва харидории таҷҳизоти нави замонавии хиштбарорӣ ба маблағи 8 миллиону 722 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст. Баъди ба истифода додани корхонаи хишт дар он 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб ба маблағи то 3000 сомонӣ таъмин мегарданд.
Дар деҳаи Сабзазори ноҳияи Хуросон бо иштироки Қоҳир Расулзода пойгоҳи обкашии «Рассвет-6» барои обёрӣ намудани 1000 гектар замин ба истифода дода шуд. Лоиҳа соли 2024 оғоз шуда, маблағи он 3 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои таъмини фаъолияти пайвастаи ин пойгоҳ ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






