Соҳибкорони бурунмарзӣ барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025» даъват шуданд

Август 8, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши робита бо доираҳои сармоягузории хориҷӣ мулоқоти маҷозии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода бо гурӯҳи соҳибкорони фаъоли бурунмарзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Султон Раҳимзода таваҷҷуҳи соҳибкорони бурунмарзиро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest–2025», ки 14–16 октябри соли равон  дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҷалб ва ҳамзамон онҳоро ба иштироки фаъолона дар ин форум даъват намуд.

Бо назардошти воқеияти муосири геоиқтисодӣ ва афзоиши рақобати байналмилалӣ дар ҷалби сармояи хориҷӣ нақши соҳибкорони бурунмарзӣ дар муаррифии имконоти сармоягузории мамлакат, ҷалби сармояи мустақим ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо шарикони хориҷӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Соҳибкорони бурунмарзӣ оид ба вазъи бозори сармоягузорӣ дар кишварҳои иқомат, тамоюли ҷалби сармояи хориҷӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» ҳамчун атташеи сармоягузории он дар кишварҳои иқомат изҳори омодагӣ карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот Султон Раҳимзода саҳми соҳибкорони бурунмарзиро дар таблиғи имконоти сармоягузории мамлакат арзишманд дониста, зарурати ба роҳ мондани тамоси мунтазам ва ҳамкории фаъолро таъкид намуд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Август 8, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад