Соли равон 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир ва навсозӣ мегардад

Август 31, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 31.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд сохтмон, таъмир ва навсозии 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбиро ба нақша гирифтааст ва ин раванд бояд вусъат дода шавад. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз доштанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳоло муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо китобҳои дарсии умумитаълимӣ таъмин мебошанд, вале норасоии китобҳои дарсӣ аз фанҳои тахассусӣ ҷой дорад.

«Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ҳалли ин масъала бояд тадбирҳои амалӣ андешида, нақшаи таҳияи чопи китобҳои дарсиро барои ин зинаи таҳсилот таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд»,-супориш доданд Роҳбари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Август 31, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд