Султон Раҳимзода ҷониби Қазоқистонро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2025» даъват намуд

Август 8, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар ҳошияи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Алибек Куантиров баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории сармоягузории дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои такмил додани фазои сармоягузорӣ, тақвияти заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои мустақими доираҳои тиҷоратии ҳарду давлатро муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда омодагӣ доранд ва иҷрои тавофуқоти ҳосилшударо, ки ба таҳкими шарикии иқтисодӣ равона шудаанд, устуворона ҷонибдорӣ менамоянд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчунин ҷониби Қазоқистонро барои иштироки фаъолона дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2025», ки 14–16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Ҷониби Қазоқистон барои иштирок дар ин чорабинӣ изҳори омодагӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро фурсати муносиб барои шиносоӣ бо имконоти сармоягузорӣ ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳо арзёбӣ кард.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад