ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРӮҒИ ЗАРҲАЛИН. Дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ шеър ва шоир ҳамеша пешгоми ҷомеа будаанд

Август 24, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 24.08.2025/АМИТ «Ховар»/. Шеър ва озодӣ, шеър ва истиқлол мафҳумҳое ҳастанд, ки ҳамеша дар канори ҳамдигар, ҳамеша ҳамсиришти ҳамдигар будаанд. Зеро он руҳияе, ки истиқлол бо худ мебарад, бо он ҳадафҳои руҳоние, ки шеър пайгирӣ мекунад, ҳамеша ҳамоҳангие дорад. Шеър парвози ҳамешагии андешаҳои инсон ба сӯи озодӣ, ба сӯи фарохиҳо, ба сӯи баландиҳост, афкору андешаест, ки тозагӣ меҷӯяд, паҳноҳои нав мехоҳад, навию тозагӣ бо худ мебарад. Истиқлол низ айнан ҳамин сифату хусусиятро дорад. Ҳамин аст, ки дар ҳама давру замонҳо шеър ва шоир ҳамрадифи озодию истиқлол қадам бардоштаанд.

Оё шеъри Устод Рӯдакӣ ё Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар бузургони мо пешгоми андешаҳои озоди бузургони мо, пешгому раҳкушои афкори озоди халқамон набудааст? Як худи ҳамин асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чӣ қадар паёмҳои истиқлолу озодӣ ва ватандӯстию ватанпарвариро дар худ ҷой додааст. Имрӯз, дар ин марҳилаи эҳёи маънавию ҷисмонии халқи куҳанбунёд ва сарзамини соҳибтамаддунамон, дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон «Шоҳнома» бо ташаббуси Пешвои миллатамон ба китоби муқаддасу рӯимизии миллати мо табдил ёфтааст.

Ҳамин даврони қариб сиюпанҷсолаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки дар бунёду пешбурди идеяҳои истиқлол, худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдорию ватандӯстӣ шеър ва шоир ҳамеша пешгоми ҷомеа будаву нақши сазовор гузоштаанд. Ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини расидан ба Истиқлоли давлатӣ садои шоири тоҷик бо муҳаббати беандоза ба Истиқлоли давлатӣ баланд шуда буд:

Муборак бод Истиқлоли тоҷик,

Фурӯғи нусрату иқболи тоҷик!

Баъдан давоми ин ҳама солҳо шеъри мо по ба пои истиқлолу озодии мамлакат қадам мезад ва дар боло бурдани руҳияи миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, худшиносию ватанпарастӣ, маънавиёти баланд, тарғиби идеяҳои бузургу ҳадафҳои волои истиқлол саҳм мегузошт.

Дар ин замони ҳассоси бунёди Истиқлолияти давлатӣ дар сарзамини соҳибтамаддуну куҳанбунёди мо, ки мебоист ҳар шаҳрванди банангу номус бо муҳаббату садоқати баланд саҳми худро дар бунёди таърихи навини Ватан, дар таҳкими истиқлоли он мегузошт, чӣ гуна метавонист шеър ва шоири тоҷик, ки идомадиҳандаи он адабиёти бузургу оламшумули гузаштагони мост, дар канор ва бетафриқа бошад? Ин аст, ки аз ҷониби шоирони ватандӯсти мамлакат ҷилд-ҷилд китобҳои ватанпарваронае навишта шуданд, ки дар таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми бориз гузоштанд. Таҳлилу баррасии онҳо мавзуест, ки имрӯзу оянда аз ҷониби нақди адабӣ ва адабиётшиносии мо пайгирӣ хоҳад шуд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ- 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки арзишмандтарин санаи миллӣ маҳсуб мешавад, тозатарин шеъри дар ин мавзуъ навишташуда бо номи «Тоҷикистон дар фурӯғи зарҳалин», мансуб ба қалами Шоири халқии Торҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло ба хонандагони азиз пешниҳод карда мешавад.

ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРӮҒИ ЗАРҲАЛИН

Менависам номи тобони туро бо оби тилло
Дар фарози симгуни чархи мино,
Дар фарози тоблуи чархи гардун,
Дар ҷилои ормонҳои фарогири ҳазоронсолаи халқам
Бо фари хуршеди дил, бо ашку бо хун…

Менависам
Бо дурахши лоязолии муҳаббат,
Бо фурӯғи зарҳалини ишқ,
Бо ҳазорон сӯзу таф,
Сози шааф,
Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Эй адолат, эй ҳақиқа, эй муҳаббат,
Эй шараф!

Аз ҳазоронсола таърихи банангат,
Аз ҳазорон сахраи сангину
аз ҳар реза сангат,
Аз ҷилои чеҳраи ранги ба рангат,
Аз фурӯғи офтоби озарангат
Ҳамчу тандеси муҳаббат
Рустаам бо орзуҳои фалакпеч,
Бо иродатҳои ҳар нахли зарангат.

Рустаам ман аз зулоли чашмаҳои кӯҳсоронат,
Рустаам аз ҳар гули хор,
аз навои обшор…
Аз сиришти арчаҳои бехазонат…

Рустаам аз ҳулбаву райҳону барги зуф
Ҳамчунон, к- аз ҳасрати дарди ниҳонат,
Рустаам ман аз садои чаҳ-чаҳи булбул,
навои кабки сур
Ҳамчунон, к-аз аз сӯзу сози ҷисму ҷонат,
Рустаам аз мағз-мағзи хоки пурфайзу ба эҳсонат,
Тоҷикистон!

Ман паёми сатр-сатри шеъри волои бузургони туям,
Ман фари дасти дуои модарону мӯсафедони туям,
Ман ҳама саршор аз ангезаҳои бӯйи нонат,
Файзу эҳсони туям!

Рустаам ман аз ту, яъне, аз сиришти пок.
Рустаам ман аз ту –
аз кирдору аз гуфтору аз пиндори неки родмардон,
Аз тани хуншори Шерак дар набарди ҳифзи Меҳан,
Аз фари Испетамон, аз фитрати озодагон…

Ман намегӯям, ки тӯмори танам аз байтҳои Рӯдакист,
Ман намегӯям, ки дар ҷону дилам хуршеди Мавлоност,
Ман намегӯям, ки дар пуштам фари Синост,
Ҷоми хайёмии ман дар ростои гунбади мино
Гашта лабрези майи маъност….

Парчами пирӯзии ман офтоби Ховарон аст,
Манзили хушрӯзии ман
Соҳати Боми ҷаҳон аст,
Мулки худафрӯзии ман
Аз Карон то бекарон аст…
Қимату неруи ман, дороии ман
Шаъни инсон, шаъни инсон, шаъни инсон аст!
Ин ҳама ҷамъи хуҷаста
Ҳифз дар як вожаи оганда аз меҳру садоқат,
Вожаи зарҳалкашида аз сиришти ман —
Тоҷикистон аст!

Сӯхт оташ, сӯхт оташ,
Гашт хокистар, равони ман насӯхт,
Об шуд санг, об… дар маҷрои вақт…
Ҷони ман аз марги қисмат зиндагӣ омӯхт.

Эҳтиромамро, саломамро, каломамро
ба алфози биҳиштӣ
Мефиристонам ба паҳнои башар,
Мурғи Симурғе, ки ман эҷод кардам,
парваридам, болу пар додам,
Мебарад пайки маро бар баҳру бар.

То туро ёбам, нигоҳам асрҳо бедор монд,
Маҳв шуд олам, валекин ишқи ман подор монд,
Ҳастии ман
Ёдгорӣ чун муҳабат
Аз сиришти Одаму Ҳавво ба сад озор монд.

Шаъни ман чун рамзи Мансур
Бо ҳама сӯзу сурур,
Бо аналҳақ дар канори дор монд…
То ҷаҳон фаҳмад, ки аз симои ман
Рафт озори ҷаҳон, осор монд…
Ишқ монду шаън монду нанг монду ор монд!
Меҳани ман — Миллати ман
Дар намои Тоҷикистони биҳиштосо шукуфон
Бо фурӯғи лоязолӣ,
Посдори шаъни худ подор монд,
Дар паноҳи хилқати хуршедии худ
Дар фурӯғи раҳмати Додор монд!

Август 24, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёд карда мешаванд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Конибодом 714 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 70 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шудаанд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Дар деҳаҳои Конибодом кӯдакистонҳои нав ба истифода дода мешаванд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ панҷоҳ ҳазор сокинони ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд
Истиқлолият барои мардуми тоҷик муқаддастарин арзиши миллӣ ба ҳисоб меравад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН. Соҳибистиқлолӣ масъулияти бузург дар назди миллат ва таърих аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд биноҳои Маркази саратоншиносӣ ва Маркази эндокринология бунёд карда мешаванд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар шаҳри Ҳисор се мактаби нав ба истифода дода мешавад