Ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии ИДМ оғоз гардид

Сентябрь 18, 2025 10:01

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми  Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки ҳадафи баргузории Шурои байниҳукуматӣ таҳкими ҳамкории кишоварзӣ, расидан ба таъмини амнияти кишоварзӣ ва рушди ин соҳа мебошад.

Дар ҷаласа намоядагонии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок дошта, доир ба рушди комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он  мубодилаи афкор менамоянд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни ҷаласа нақшаи чорабиниҳо барои соли 2026, интихоби Раиси Шуро барои соли 2026, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласаи 37-уми  Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Душанбе шинос мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 18, 2025 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд