Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гӯруҳи ICAO оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGЕ-SСМ/2025» идома дорад

Сентябрь 17, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ICAO ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гӯруҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGЕ-SСМ/2025» идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия».

Ҷаласа дар доираи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба фазои  транзитӣ табдил додани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҷаласаро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ба таври расмӣ ифтитоҳ бахшид. Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода гуфт, ки  «ҳадафи ҷаласа  ҳамоҳангсозии банақшагирӣ ва рушди шабакаи масири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар қисмати шарқии минтақаи аврупоии ICAO, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад».

Дар ҷаласа намояндагони 12 кишвари ҷаҳон – Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Эрон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили IATA, ICAO, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, аз ҷумла «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймоии KLM, Air France, Lufthansa, Finnair, Delta Air Lines, Boeing ва Cathay Pacific иштирок доранд.

Мутахассисони соҳа давоми чор рӯз пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани масирҳои идоракунии ҳаракати ҳавоиро баррасӣ намуданд. Пешниҳодҳои мавҷударо дар феҳристҳои хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ таҳлил ва нав намуда, ҳамзамон пешниҳодҳои навро ба феҳристҳои хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дохил менамоянд.

Ҷаласа дар самти баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ минтақа, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия қадами муҳим мебошад. Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гӯруҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGЕ-SСМ/2025» то 19 сентябр идома меёбад.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Сентябрь 17, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд