Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гӯруҳи ICAO оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGЕ-SСМ/2025» идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ICAO ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гӯруҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGЕ-SСМ/2025» идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия».
Ҷаласа дар доираи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба фазои транзитӣ табдил додани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҷаласаро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ба таври расмӣ ифтитоҳ бахшид. Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода гуфт, ки «ҳадафи ҷаласа ҳамоҳангсозии банақшагирӣ ва рушди шабакаи масири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар қисмати шарқии минтақаи аврупоии ICAO, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад».
Дар ҷаласа намояндагони 12 кишвари ҷаҳон – Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон, Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон, Федератсияи Русия ва Эрон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили IATA, ICAO, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, аз ҷумла «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймоии KLM, Air France, Lufthansa, Finnair, Delta Air Lines, Boeing ва Cathay Pacific иштирок доранд.
Мутахассисони соҳа давоми чор рӯз пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани масирҳои идоракунии ҳаракати ҳавоиро баррасӣ намуданд. Пешниҳодҳои мавҷударо дар феҳристҳои хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ таҳлил ва нав намуда, ҳамзамон пешниҳодҳои навро ба феҳристҳои хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дохил менамоянд.
Ҷаласа дар самти баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ минтақа, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия қадами муҳим мебошад. Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гӯруҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – «RDGЕ-SСМ/2025» то 19 сентябр идома меёбад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






