Ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори он намояндагони котиботи аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дар ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъона дар мавзуи «Таҳлили вазъи таъмини бехатарии биологӣ дар ҷумҳурӣ» сухан гуфт.
Дар анҷоми ҷаласаи шуро доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






