Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 7 иншоот ба истифода дода мешавад

Сентябрь 4, 2025 19:00

ЁВОН, 04.09.2025./АМИТ«Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 34-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Саъдӣ Шерозии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон  бинои иловагии   Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 мавриди истифода қарор мегирад.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд мудири шуъбаи  маорифи ноҳияи Ёвон Раҷабмурод Муродализода  иттилоъ дод.

Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Оимноз Бойқозиева иброз намуд, ки «солҳои пеш ба мушкилии нарасидани ҷойи нишаст ва синфхонаҳо гирифтор будем. Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинону соҳибкорони деҳа бинои иловагии муассисаи таълимиро иборат аз 8 синфхона бо ҷойгиршавии 200 хонанда дар як баст бунёд намудем. Дар ин бино кабинетҳои фаннӣ низ ҷойгир карда шудаанд. Бинои иловагӣ бо мизу курсиҳои нав ва дигар таҷҳизоту аёният  муҷаҳҳаз гардонида шудааст».

Тибқи иттилои мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода,  бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон 7 иншоот- се бинои истиқоматии баландошёна бо 274 хонаи истиқоматӣ, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Ғарчашмаи Ҷамоати деҳоти Даҳана бо 7 синфхонаи иловагӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Обшорону Ҷамоати шаҳраки Ёвон мағозаҳои замонавию марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ёвон  бунёду навсозии 561 иншооти таъйиноти  гуногун  ба нақша гирифта шудааст. То ин давра 502 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд