Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи стратегӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои технологияҳои пешрафтаи Абузабӣ Созишномаи стратегӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (AI) ба имзо расониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Созишнома дар доираи чорабинӣ оид ба ифтитоҳи кластери миллии ҳисоббарории AI ва намоишгоҳи саноати AI, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ба расмият дароварда шуд. Ин шарикӣ ба суръат бахшидан ба таҳқиқот, навоварӣ ва тиҷоратикунонии AI бо таваҷҷуҳ ба LLM, низомҳои мултимодалӣ ва инфрасохтори миллӣ нигаронида шудааст.
Созишнома AIC, TII, Venture One, инчунин zypl.ai ва zehnlab.ai-ро барои ҳамкории муштарак дар самтҳои афзалиятноки AI муттаҳид менамояд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд






