Беш аз 10 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи Роғи ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешаванд

Сентябрь 14, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 10 километр роҳҳои дохилии маҳаллаи Роғи Ҷамоати деҳоти Палдорак марҳила ба марҳила пурра таъмир ва мумфарш карда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Ҳоло бо истифода аз техникаи муосир ва маводи босифат корҳои мумфаршкунӣ дар беш аз 5 километр ва бо паҳноии 5 метр дар кӯчаи Наврӯзмалики маҳалла оғоз гардидаанд.

Ин иқдом бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ амалӣ карда мешавад.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни иштирок дар ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандии аҳолии маҳаллаи Роғро намунаи равшани ватандӯстӣ ва ҳамбастагии ҷомеа номид.

Таъкид гардид, ки татбиқи чунин иқдоми созанда на танҳо ба беҳбуди шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад, балки барои рушди устувори иқтисодиёт, таҳкими инфрасохтор, афзоиши имконияти хоҷагидорӣ ва тақвияти робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ низ замина фароҳам меорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Сентябрь 14, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд