Бо сокинони ноҳияи Сангвор дар мавзуи «Ҳифзи дастовардҳои Истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ» вохӯрии судманд доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Сангвор дар мавзуи «Ҳифзи дастовардҳои Истиқлол дар раванди ҷаҳонишавӣ» вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода изҳор намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, бо назардошти зуҳуроти амалҳои номатлуб, таҳдиду хатарҳои равонӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар омилҳои хатарнок зарур аст, ки сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонон дар самти муқовимат ба ин таҳдидҳо баланд бардошта шавад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар масири таърихи пуршебу фароз ҳамеша дар муқобили зулму ситами аҷнабиён муқовимат нишон дода, асолат, забон, фарҳанг ва оинҳои деринаи милливу меҳании худро ҳамеша ҳифзу ҳимоя намудааст.
«Муҳимтарин вазифаи наслҳои имрӯза аз он иборат аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дастовардҳои истиқлолро ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда ҳамчун амонати муқаддас ба мерос гузоранд. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки бар муқобили пайомадҳои манфии раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ мубориза бурда, барои ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тақвияти дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузорем»,- афзуд Рудобаи Мукаррам.
Таъкид шуд, ки таҳти иродаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба истиқлоли маънавӣ ва мустақилияти сиёсиву иҷтимоӣ ноил гардида, дар роҳи ҳифзи арзишҳои ин ҷавҳари муқаддас ва ин дастоварди таърихӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар хотима ба Китобхонаи ноҳияи Сангвор ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон











СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид






