Бозёфтҳои Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг 1 миллион сол умр доранд
ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябри соли равон сокинони ноҳияи Ховалинг шоҳиди рӯйдоди бузурги фарҳангӣ гаштанд. Дар ин рӯз бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ба истифода дода шуд. Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, 1 миллион сол умр доранд.
Бояд гуфт, ки дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ ва Хонақоҳ 1-2-и Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст. Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшуда, ки дар ин осорхона ба намоиш гузошта шудаанд, гувоҳи онанд, ки тоҷикон миллати кӯҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд
Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла асри санг, асрҳои миёнаи барвақт, давраи антиқа, миёнаи охир, қарнҳои 18-19 ва баъди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни ғановатманди миллати тоҷик нақши назаррас мегузорад.
Тибқи иттилои таърихшиносон, кашшофи ёдгориҳои мазкур бостоншиноси шинохтаи Тоҷикистон Вадин Ранов буда, дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносии ӯ бештар аз 1000 ёдгории ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории аввалин одамон пайдо гардид, ки аз санги сангобии навъи Галка сохта шудаанд.
Ноҳияи Ховалинг бо обу чашмаҳои софу зулол, чанорҳои куҳан, табиати зебо ва мардуми некухисолаш қалби садҳо нафар сайёҳонро тасхир намудааст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ноҳияи дурдасти баландкӯҳи Тоҷикистон беш аз пеш рушд намуда, ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат табдил гардид. Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг даҳҳо инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ба истифода дода шудаанд, ки ба сайёҳон дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Ҳоло дар ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 10 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд буда, 9 харитаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудааст. Шумораи умумии меҳмонхона ва хостелҳо 15 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо имкони қабули то 500 нафар дар як вақт мавҷуд аст.
Дар ноҳияи Ховалинг мавзеъҳои зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи ҳар сайёҳро ба худ ҷалб менамоянд. Манзараву боғистонҳо, чашмасорон, шукуҳи Чилчанор, мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, мавзеи чашмаи Қазаған, чашмаи Сурхсақова (мавзее, ки қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ гулхан афрӯхта, мардумро алайҳи зулму бераҳмии Манғитиён ба шуриш даъват намудааст), чашмаи Зардпарвин, Санги рама, чашмаи Шӯр, Крушак, Замбӯрак, Чӯрак, чашмаи Ҳикмат, Мағфират, Раҳмат, Мурод, Шифо, ки ба чандин дардҳо давоянд, манзараҳои нотакрору дилфиреби Дашти мешу Уштурчаро, гулҳавзҳои ҳудуди деҳаи Доробию Шехмезон, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар зодгоҳи Восеи қаҳрамон- Дараи Мухтор, бошишгоҳҳои одамони асри санг дар деҳаҳои Кӯлдара, Хонақои Севодара, сангтӯдаҳо, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, маъбади Буддоӣ дар деҳаи Чепол (Чепивол), Қалъаи Бегим макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон\АМИТ «Ховар»








Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд






