Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷашни Истиқлолияти давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бештар аз се даҳсола мешавад, ки истиқлолият афкору андешаи миллии моро тақвият мебахшад ва бо шарофати ин неъмат муҳимтарин рукнҳои давлатдории мо торафт қавӣ мегарданд. Ин нуктаро Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорони соҳа ва кормандони Агентӣ иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти Агентӣ оид ба аҳамият ва нақши истиқлол дар давлатдории навини тоҷикон сухан намуданд. Иброз гардид, ки «истиқлол — ин ба роҳи худ ва бо ихтиёри худ ба сӯйи ҳадафҳои муайян қадам ниҳодан мебошад, ки инак 34 сол боз халқи тоҷик дар ин ҷода собитқадамона пеш меравад».
Истиқлол мафҳуми арзишманд ва калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он барои ҳар миллат шарафи бузург аст. Истиқлоли давлатӣ соли 1991 барои мардуми тоҷик саҳифаи нави дурахшон кушода, имкон фароҳам овард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри миллӣ гардад ва дар баробари дигар кишварҳои дунё ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи олам эътироф шавад. Ноил гардидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне озодии иродаи миллӣ шаъну шараф, қудратмандӣ, рамзи қудрату тавоноӣ ва дар маҷмуъ, рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ ва ҳастии тоҷикон дар шароити мураккаби минтақа ва ҷаҳон буд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин иштирокдорон доир ба дастовардҳои Агентӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши истиқлол дар рушду пешрафти ҷумҳурӣ ибрози назар намуданд.
Истиқлолу озодӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик ба даст омад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва Ватани аҷдодии худро ҳифз намоем.
Дар ҷамъомади идона як зумра кормандон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад






