Дар Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бинои муассисаи томактабӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи томактабӣ барои 80 кӯдак идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Ин иқдом дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бино бо саҳми соҳибкорон сохта шуда, ҳоло корҳои бетонрезӣ идома доранд. Иншоот дуошёна буда, аз ҳуҷраҳои хоб, гурӯҳи кӯдакона, ошхона, ҷойи ҷомашӯӣ, утоқи тиббӣ ва утоқи директор иборат мебошад.
Сохтмони чунин кӯдакистонҳо ба ояндаи дурахшони фарзандон таъсири хуб мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






