Дар Бишкек тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид

Сентябрь 1, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкек мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Данияр Амангелдиев баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла CASA-1000 баррасӣ гардид.

Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон барои мубодилаи таҷриба дар соҳаи рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобил бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат таҳти роҳбарии муовини якуми  Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз 25 то 30 август дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дошт.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад