Дар деҳаи Обидараи Даҳанаи шаҳри Ваҳдат бинои нави муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
ВАҲДАТ, 21.009.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Обидараи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №113 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Муассиса то моҳи августи соли 2025 ҳамчун муассисаи ибтидоӣ фаъолият мекард. Аз 13 августи соли 2025 он бо қарори Раиси шаҳри Ваҳдат аз таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд.
Бо сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассиса мушкилоти ҷойи нишаст ба миён омад. Хушбахтона, дар пайравӣ ба ташаббус ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва волидайни хонандагон бинои иловагии муассиса, иборат аз ду ошёна ва бо риояи қоидаҳои меъморӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бино аз 7 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он 350 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Омӯзгорони муассисаи таълимӣ вазифадор карда шуданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти беҳтарин бо масъулияти баланд ба сатҳу сифати таълим диққати ҷиддӣ дода, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омода ва тарбия намоянд. Ҳамзамон барои омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли равон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки пешравии ҳар давлат ба соҳаи маорифи он вобастагии зич дорад. Маҳз талош ва ғамхориҳои Пешвои миллат мебошанд, ки дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мунтазам мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, аз моҳи январи соли 2025 то моҳи сентябри соли 2025 аз ҷониби сокинони маҳал ва соҳибкорон дар назди якчанд муассисаи таълимӣ 150 синфхона барои 7250 хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамаи ин синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид






