Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Беларус баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва Павел Утюпин баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.
Доир ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда шуд.
Идомаи ҳамкории ҷонибҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ карда шуд.
Ҷонибҳо аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






