Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 август бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди илму дониш дар замони истиқлол – пояи саодати миллат» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик аст. То имрӯз ҷумҳурӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла сиёсати дохилию беруна, илму маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва бисёр самтҳои дигар бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ илм дар Тоҷикистон қадами бузург ба пеш гузошт. Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳамаҷонибаи илм ва беҳбуди шароити иҷтимоӣ барои кормандони соҳаи илм тамоми шароитро фароҳам овард. Бисёр пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ- таҳқиқотӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар ҷамъомад бо ёдоварӣ аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш (30 август) иброз гардид, ки маҳз дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҳар давлат, инчунин сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар инсон мебошад. Ниёгони хирадманду рӯзгордидаи мо донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ», «чароғи равшан», «ҷавшани тан», «парчами зафармандӣ» ва «устоди беминнат» нагуфтаанд.
«Тоҷикистон Ватани маҳбуби мо, ҳастии мо ва обрӯю эътибори мост»- ин гуфтаҳои Пешвои миллатро аз хурд то бузург бояд ба шиори ҳамарӯза табдил дода, ҳар нуктаи онро содиқона иҷро намоянд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






